ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Дар Тоҷикистон 37 фоизи олимон занон мебошанд

Февраль 11, 2025 13:59

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон нақши занону духтарон дар соҳаи маориф ва илм назаррас буда, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 37 фоизи олимонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2025, 1 487 нафар номзади илм, 146 нафар доктори илм, 85 нафар профессор, 656 нафар дотсент, 228 нафар занони дорои унвони илмӣ ва 871 нафар ассистентон фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ доранд. Теъдоди духтароне, ки тибқи квота таҳсил доранд, дар соли таҳсили 2024-2025 ба 2 ҳазору 789 нафар расида, 12 ҳазору 370 нафар духтарон дар хориҷи мамлакат тибқи квота таҳсили илм менамоянд.

Дар робита ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм- 11 феврал раиси Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Маҳмадҷонова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи занонро аз муҳимтарин қисмҳои сиёсати иҷтимоии давлат дониста, барои инкишоф ва фаъолнокии иҷтимоии онҳо шароити мусоид фароҳам меоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 иброз доштанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».

Дар ин замина бояд гуфт, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 нафар зан академик, 3 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 139 нафар кадри роҳбарикунанда, 33 нафар доктори илм, 263 нафар магистрант, 104 нафар докторанти PhD ва 25 зан номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ мебошанд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова изҳор дошт, ки фарогирии духтарон ба таҳсилоти олӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас буда, дар соли таҳсили 2023-2024 35 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шуданд. Ҳоло аз 214 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 90 ҳазор ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои духтарон имконияти зиёде фароҳам овардааст. Аз ҷумла, бо квотаи президентӣ фаро гирифтани духтарон ба таҳсил яке аз дастгириҳои давлат нисбат ба духтарон мебошад. Аммо баъзе духтароне, ки ба тариқи квотаи президентӣ дохил шудаанд, бо сабабҳои мухталиф таҳсилро идома намедиҳанд. Инчунин шумораи зиёди онҳо аз идомаи таҳсил – зинаи магистратура ва аспирантура берун мемонанд, ки нигаронкунанда аст.

«Мо бояд сабаби ин ҳолатҳоро дақиқан омӯхта, чораҳое бинем, ки раванди ба таълиму таҳсил ва шуғл фарогирии занону духтарон дар мамлакат муназзам ва маблағҳои ба ин соҳа сарфшавандаи давлат самаранок бошанд»,-иброз дошт Муҳиба Маҳмадҷонова

Барои татбиқи сиёсати бобарори ҷалби занон ба илму донишомӯзӣ дар деҳот ташаккул додани зумраи зиёиён аз ҳисоби занони таҳсилкарда ва коргар бояд амалӣ карда шавад. Гарчанде ин раванд дар панҷ соли охир рӯ ба афзоиш аст, аммо ҳанӯз ҳам сифатан қонеъкунанда нест. Вазифаи донишмандон ба ҷомеа расонидани мазмун ва муҳтавои арзишҳои башарӣ, ба ҷомеа ба таври сазовор ворид гардидани занон ва самаранокии фаъолнокии иҷтимоӣ-иқтисодии занон мебошад, ки рушду нумуи Тоҷикистон аз он вобастагии калон дорад.

Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати обу иқлим, мубориза бо терроризму экстремизм, ташаккул ва такомули фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон, ки аз ҷониби аксари давлатҳои дунё пазируфта шуданд, дар назди ҷомеаи тоҷик низ вазифаҳои мубрам мегузоранд. Аз ҷумлаи онҳо муттаҳид намудани захираву имконият, махсусан дар соҳаи бо кор таъминнамоии занону духтарон, беҳтар намудани шароити зиндагонии занон, дастрасии онон ба захираҳои табиӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, беҳдошт, тандурустӣ ва ҷалби занон ба равандҳои рушд ва фаъолнокии иҷтимоӣ мебошанд.

Дастовардҳои занон дар соҳаҳои гуногун, махсусан дар илм ва маориф мансуб ба мамлакат ва ифтихори миллат ба ҳисоб мераванд. Фаъолияти бошарафонаи калонсолон намунаи ибрат ва заминаи ҷуръату шуҷоати ҷавонон дар интихоби касб ва машғулият мебошад. Ривоҷу равнақ додани арзишҳои мусбат ва табдил додани онҳо ба заминаи рушду нумуи ҳаматарафаи занон дар ҷомеа вазифаи зиёиён ва аҳли илм ба ҳисоб меравад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 247 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи маъюбон дар Тоҷикистон давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд