Имсол 125-солагии шоири мумтоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 125-солагии шоири мумтоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад.
Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ховалинг, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 125-солагии шоири мумтоз Сайдалӣ Вализода тадбир андешанд.
Ёдовар мешавем, ки Сайдалӣ Вализода 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, 12 декабри соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшидааст.
Хизматҳои шоистаи Сайдалӣ Вализодаро ба инобат гирифта, имрӯз дар мамлакат чандин мактаб, кӯча, боғ ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи ин шоири маҳбуби халқ гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки Сайдалӣ Вализода донандаи ҳикояву латифа, панду ҳикмат, байту ғазал, достону мазҳакаҳои халқӣ буд, онҳоро худаш ҳам мебофт ва худаш каҳрамони онҳо мешуд. Бисёр гуфтаҳои шоири халқӣ латифа шуда, то ҳанӯз дар байни мардум машҳур мебошанд. Дар ашъори ӯ шеърҳои ҳаҷвӣ мавқеи хосса доранд. Шоири ҳақиқатгӯ ҳамеша ба муқобили ҳама гуна урфу одатҳои зарарнок—мероси замонҳои гузашта бо яроқи ҳаҷв мубориза бурда, худнамоишдиҳӣ, хурофотпарастӣ, порахӯрӣ, коргурезӣ, бадмастӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, фиребгарӣ барин рафторҳои ношоистаро зери тозиёнаи ҳаҷву танқид мегирифт.
Китоби аввалини ашъори Сайдалӣ Вализода «Таронаҳо» соли 1949 чоп шудааст. Соли 1952 китоби шоир «Ҳофизи Ватан», соли 1955 «Дар водии меҳнат», соли 1960 «Ду додарон», соли 1965 «Шеърҳо ва достонҳо», соли 1970 «Ошиқи баҳор», соли 1971 «Чашми илҳом», соли 1981 «Пайванди ҷон» ва ғайраҳо ба табъ расидаанд. Дар ин офаридаҳо мавзуъҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва омӯхтани касбу ҳунар тарғиб шудаанд.
Шоири мардумӣ Сайдалӣ Вализода мактаби адабии худро дошт, ки дар он шоирони шинохта, ба монанди Ҳақназар Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Ашӯр Сафар ва бисёр дигарон ба камол расидаанд.
Сайдалӣ Вализода инчунин гурӯғлисарои машҳури тоҷик буда, бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст. Шоир соли 1943 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардида буд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






