ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд

Февраль 15, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро  ҳамчун самти калидии таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ унвон намуда, иброз доштанд, ки «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд,  ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон ба масъалаи тарбияи онҳо диққти зарурӣ диҳанд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳар маҳалли аҳолинишин, ки дар он то 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман барои бунёд кардани як муассисаи  томактабӣ  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд иброз намуд, ки пояи ҳар давлат ва давлатдорӣ аз мактабу маориф, яъне фаъолияти босамари муассисаҳои томактабӣ ва рушди  барвақтии кӯдакону наврасон вобаста мебошад. Аз нуқтаи назари илми педагогӣ маълум мегардад, ки муассисаҳои  томактабӣ бояд заминаи  устувори  моддӣ, техникӣ ва технологӣ  дошта, дар  таълим  ва  тарбияи кӯдакону наврасон  масъулияти томро ба зимма гиранд.

Олимони илми  педагогӣ  Маҳмадулло Лутфуллоев, Ирина Каримова ва Файзуло Шарифзода изҳор намудаанд, ки «…агар ҳукумат, давлат ва давлатдорӣ мақсади тарбия ва таълими комил дошта бошанд, бояд барои бунёд ва фаъолияти хуби муассисаҳои томактабӣ заминаи устувори тарбиявӣ ва таълимӣ гузошта, кӯдакону наврасонро  дар руҳияи  инсондӯстӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ  ва ҳурмату эҳтиром  нисбат ба ватан,  волидайн  ва муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд».

Яке аз масъалаҳои муҳими муассисаҳои томактабӣ инкишофи зеҳнии кӯдак, дар ниҳоди руҳӣ ва равонии кӯдак ворид намудани равандҳои маърифатии шахс — эҳсос, идрок, хотир, тафаккур, нутқ ва хаёл ба шумор меравад. Зеро ин асосҳои илми педагогӣ ва равоншиносӣ ба инкишофи маърифати тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамоянд. Мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ин  назарияҳои  педагогӣ  ва  равоншиносии  гуфташударо бояд сармашқи  фаъолият  намуда, онҳоро аз  рӯи  талаботи методҳои муосири  педагогӣ ва равоншиносӣ бо масъулияти том амалӣ намоянд.

Тарбияи фарҳангӣ-маърифатии шахс ҳанӯз аз муассисаҳои томактабӣ дар байни тарбиятгарон шуруъ мешавад. Барои тарғибу муаррифии асарҳои бадеӣ, хусусан маҷмуаю китобҳои бачагонаи назмию насрии шавқовар мураббияҳо тадбирҳои зарурӣ  андешида,  онҳоро барои омӯзиши кӯдакон истифода менамоянд.

Тавре маълум аст, дар кӯдакистонҳо дар радифи  машғулияти  таълимӣ  машғулияти  хониши бадеӣ  низ  гузаронида  мешавад. Дар  ин машғулият  кӯдакон бо ҳикояву афсонаҳои  шавқовар, шеъру суруд, чистону тезгӯякҳо шинос мешаванд. Бо раҳнамоии мураббияҳо тарбиятгирандагон на танҳо асарҳои  бадеии  ба  синнашон мувофиқ мутолиа мекунанд, балки шеъру суруд, чистону тезгӯякҳоро аз ёд ва дар хотир нигоҳ медоранд. Барои  тақвият  бахшидани меҳру шавқи кӯдакон ба китобхонӣ мураббияҳоро мебояд, то дар ҳуҷраи махсуси таълимӣ гӯшаи китобҳои бадеӣ ташкил намуда, дар ҷевони алоҳида маҷмуаю китобҳои  бадеиро ҷой  диҳанд. Ин усул дар фаъолияти таълимии тарбиятгирандагон роҳи маърифатнокии кӯдакон  ҳисобида шуда, ҷавоб  ба сиёсати  ғамхоронаи Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм мебошад.

Ҳамчунин ин усул ба инкишоф ва ташаккули зеҳни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ мусоидат намуда, рушди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ, коллеҷ ва гимназияҳоро инкишоф медиҳад.

Масъалаи муҳими дигар дар муассисаҳои томактабӣ- ин робитаи омӯзгорону мураббияҳо бо волидайни тарбиятгирандагон мебошад, ки бояд дар сатҳи баланд амалӣ гардад. Ба падару модарон пешниҳод кардан зарур аст, ки асарҳои бадеии бачагонаро аз дӯкону фурӯшгоҳҳо харида, ба фарзандон тақдим намоянд. Хуб мешуд, агар волидайн китобхонаи шахсӣ ташкил намоянд, зеро кӯдак китобро аз наздик дидаву ба даст гирифта, ба он меҳр пайдо мекунад. Китобҳои шавқовари пурмуҳтаво ва рангаю суратдор барои мутолиаи кӯдакон мувофиқ мебошанд.

Дар натиҷаи амалӣ намудани ин гуна роҳу усулҳо фаъолияти зеҳнии кӯдакон ва инкишофи маърифатии онҳо мукаммал мегардад. Ҳамзамон фаъолияти системаи марказии асаби кӯдакон пурра ба кор даромада, ба узвҳои ҳассоси онҳо  таъсири астеникӣ мерасонад. Инчунин  роҳҳои фаъолияти шахсӣ — эҳсос, идрок, хотир, нутқ, хаёл, ирода, диққат ва хусусияти хоси руҳии онҳо инкишоф ёфта, шавқу ҳаваси онҳо нисбат ба дарки олами ҳастӣ зиёд мешавад.

Қадам ҚАДАМОВ,
дотсенти кафедраи педагогика,
равоншиносӣ
ва методикаи таълими фанҳои
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧУН ДУШАНБЕ МАН НАДИДАМ САБЗШАҲРЕ ДАР ҶАҲОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дуруст интихоб намудани касб чӣ бояд кард?
Пешвои миллат дар бораи Иди байналмилалии Наврӯз: «Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст»
Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба беморони дорои фишори баланди хун тавсия дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳ ва ваҳдат дар минтақа
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои пешгирии аллергия тарзи ҳаёти солимро бояд интихоб намуд
Шамсия Ҳасаналиева: «Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон бояд коркард ва ба бозори ҷаҳонӣ бароварда шаванд»
Най асбоби мусиқии қадимии тоҷикон аст, ки савти онро рамзи баҳору Наврӯз медонанд
Гандум муҳимтарин захираи хӯрокворӣ ва ашёи саноати хӯрокворӣ аст
РАМЗҲОИ ЗООМОРФӢ ДАР РАСМУ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ. Лаклак аввалин муждарасони баҳор ба шумор меравад
Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз аст