ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи интихоб кардан доранд?
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот синнаш ба 18 расида бошад, ҳуқуқи интихоб кардан дорад. Принсипи умумии интихобот маънои онро дорад, ки шаҳрванди Тоҷикистон қатъи назар аз мансубияташ ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан дорад.
Ҳуқуқи интихоботии шаҳрванд яке аз шаклҳои асосии иштироки ӯ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад. Иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар асосҳои баробар чун тавассути намояндагони интихобкардаи онҳо ифодаи соҳибихтиёрии халқ ва шакли амалишавии принсипи ҳокимияти халқ аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Тавре коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Пирова иброз медорад, тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Дар асоси Конститутсия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушду такомули ниҳодҳои демократӣ дар заминаи ифодаи иродаи мардум, расмиёти татбиқи онҳо мутобиқи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби умум эътирофшуда ҳадафу вазифаи давлати ҳуқуқбунёд ва яке аз заруртарин омилҳои суботи ҷомеа ва таҳкими қонуният мебошад.
Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Ба андешаи коршинос, шарту шароити интихоб нашудан ва бо мақоми аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон номувофиқ будани шаҳрвандонро Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ муайян намудааст.
Принсипи баробарҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳар интихобкунанда ҳуқуқи танҳо як овоз дошта, мавқеъ, мақом ва дигар сифатҳо ба шаҳрванд набояд таъсир расонанд. Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъйин карда шуда, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушди он ба афзоиши рақобатпазирии давлат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд
РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меорад
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд






