ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт

Февраль 14, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва Пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.  Соли 2024 аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути ПОС-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 6 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар айни замон дар фаъолияти 30 ҳазор субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардида, 27 ҳазор адади ин дастгоҳҳо дар як вақт функсияи Пос-терминалро низ иҷро намуда, имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ  анҷом диҳанд.

Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ ба афзоиши гардиши пул тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳиши сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд.

Новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ баъзе субъектҳои хоҷагидор ҳоло ҳам ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Соли 2024 дар маҷмуъ 20,5 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии андозӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 409 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид.

Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қабл ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 456 миллиону 400 ҳазор  сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2023 106 миллиону 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад