ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва Пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд. Соли 2024 аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути ПОС-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 6 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар айни замон дар фаъолияти 30 ҳазор субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардида, 27 ҳазор адади ин дастгоҳҳо дар як вақт функсияи Пос-терминалро низ иҷро намуда, имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ ба афзоиши гардиши пул тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳиши сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд.
Новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ баъзе субъектҳои хоҷагидор ҳоло ҳам ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Соли 2024 дар маҷмуъ 20,5 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии андозӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 409 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид.
Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қабл ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 456 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2023 106 миллиону 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






