ЛОИҲАИ ҲАРАКАТИ OVOP. Он метавонад дар Тоҷикистон ба таъсиси ҷойи кор дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд

Февраль 23, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Ашурбой Солеҳзода бо Намояндаи доимии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Имаи Сейҷу муарифии натиҷаҳои Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP) доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ашурбой Солеҳзода вобаста ба ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), махсусан оид ба Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP) маълумот дода, иброз намуд, ки ҳаракати OVOP дар кишварҳои гуногун ба муваффақият ноил гардидааст. Лоиҳа ҳоло ба Осиёи Марказӣ ворид гашта, дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ҳаракати OVOP дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун восита барои таъсиси ҷойи кор, рушди соҳибкорию ҳунармандӣ, бахусус дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки ҳаракати OVOP дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва JICA амалӣ гашта, ба таъсиси шабакаи устувор ва самаранок барои рушди истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ ва табдил додани онҳо ба брендҳои байналмилалӣ равона шудааст. Лоиҳа барои ба бозорҳои миллӣ ва байналмилалӣ баровардани маҳсулоти нав дар вилояти Хатлон фаъолият намуда, маркази OVOP дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси таҳқиқот беш аз 100 номгӯй маҳсулоти нави инноватсионӣ дар маҳалҳои вилоят муайян гардида, ҳоло 12 намуд маҳсулот истеҳсол ва муаррифӣ карда шуд. Моҳи марти соли 2025 ин маҳсулоти истеҳсолшуда дар намоиши байналмилалии EXPO – 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон пешниҳоди харидорон мегардад.

Лоиҳа дар оянда дар тамоми минтақаҳои мамлакат татбиқ шуда, соли 2025 дар шаҳри Душанбе кушодани мағозаи махсуси OVOP дар назара аст.

Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба густариши ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, ки ҳар кадом дар рушди лоиҳа нақши муҳим дорад, даъват ба амал оварда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд