Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 гузориши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Стратегияи миллӣ ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад. Сифати таҳсилот бо дарназардошти таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёти таълимии ба қобилияти зеҳнию физиологии тарбиятгирандагону хонандагон мутобиқ, воситаҳои таълимӣ, маводи методию аёнӣ, инчунин азхудкунии барномаҳои таълимию тарбиявии мувофиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот мавриди арзёбӣ қарор мегирад.
Сарвари давлат супориш доданд, ки вазорати маориф ва илм, идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалисозии стратегияи мазкур ва бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
Сипас, лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул шуд.
Дар идомаи маҷлис Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 муҳокима гардид.
Гуфта шуд, ки мақсад аз таҳияи Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ин идома додани корҳои зарурӣ, муайян намудани иншооти зарардида ва ба пуррагӣ безарар ва солим гардонидани мавзеъҳои аз истеҳсолоти коркарди уран зиёндида дар ҷумҳурӣ мебошад.
Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 бошад, бо мақсади фароҳам овардани шароит ва муҳайё намудани имконият барои ба касбомӯзию шуғл фаро гирифтани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда таҳия гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босамар ва татбиқи амалии нақшаву барномаҳои номбурда ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, аз ҷумла саноати куҳӣ, нассоҷӣ, афзун намудани коркарди ватании канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти кишоварзӣ, бо роҳи зиёд кардани иқтидорҳои иловагии тавлиди неруи барқ, аз ҷумла аз манбаъҳои неруи “сабз” таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин вобаста ба иҷрои масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои қаблии Роҳбари давлат, амалисозии нишондодҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






