«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд

Февраль 1, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, бардошт аз мактаби рӯзгордории модарон, аз насл ба насл густариш додани фарҳанги миллӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ноҳияи Ёвон таҳти унвони «Мактаби модарон» ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар ҳамоиш ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҷавондухтарони ҷамоатҳо, шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия омода гардида буд, ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҷавондухтарон бо бардошт аз таҷрибаи ин мактаби бузург андешаю ҳунари худро такмил дода, ба зиндагӣ бо диду назари нек муносибат менамоянд. Ин мактаб фарзандонро ба роҳи росту ояндасоз раҳнамоӣ менамояд.

Таъкид шуд, ки ҷавондухтарон аз мактаби модарон ҳунари омода кардани таомҳои миллӣ, аз мактаби фарҳангии худогоҳии модарон ба бар кардани либосҳои тоҷикӣ, аз мактаби илму дониши модарон дарси одобу ахлоқи ҳамидаю илму дониш ва аз мактаби тарбияи модарон хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ омӯхта, ин рисолати ибратомӯзро дар байни ҳамсолонашон идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо ҳамоиши тарғиботии «Мактаби модарон» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

 

Февраль 1, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад