Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи интихобот дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврал зимни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин академия хабар медиҳад, дар конференсия масъалаҳои таҳаввулоти низоми интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюли муосири рушди ҳуқуқи интихоботӣ, масоили истифодаи технологияҳои иттилоотию рақамӣ дар раванди интихоботӣ, тақвияти нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди интихоботӣ, кафолатҳои таъмини амалисозии принсипҳои интихоботӣ, нақши маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар раванди интихобот мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.
Конференсия дар бахшҳо идома ёфта, иштирокдорон доир ба масъалаҳои аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқи интихобот, тартиби ташкил ва баргузор гардидани он ва тартиби пешбарии номзадҳо табодули андеша намуданд. Мутахассисон дар доираи саволҳои пешниҳодгардида ба иштирокчиён посухҳои амиқу асоснок пешниҳод намуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон