МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми гирифтани рӯза инсон бояд солим бошад
ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гирифтани рӯза инсон бояд солим бошад. Агар инсон ба бемории захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатити музмин, диабети қанд гирифтор бошад, худдорӣ аз истеъмоли дуру дарози об ва таом боиси афзоиши ин бемориҳо мегардад. Ин матлабро номзади илми тиб, табиби Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Қосимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Ба тавсияи мутахассисон, ҳангоми рӯза гирифтани беморони гирифтори захми меъдаю рӯда дар меъдаи онҳо туршии шира баланд мешавад. Ҳангоми аз ғизо холӣ шудани меъда туршӣ девораҳои онро захмгин намуда, сабаби кафидани захм ва ба дигар узвҳо гузаштани он мегардад. Нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанд ҳастанд, онҳо ҳамарӯза доруҳое истеъмол менамоянд, ки қандро паст менамояд. Аз ин рӯ онҳо набояд рӯза доранд. Инчунин нафарони гирифтори бемории қанд бояд обро зиёд нӯшанд. Талаботи организмро бо моеи нӯшокӣ қонеъ намудани бемор шарт аст.
Ба тавсияи табибони бемориҳои занона, рӯза гирифтани модароне, ки кӯдакони ширмак доранд, метавонад боиси гипогликемия (ҳолати пасти глюкоза дар хун) гардад. Онҳо бояд бисёртар таомҳои серғизо истеъмол намоянд, то шир ҳосил шавад. Инчунин ҳангоми рӯза гирифтани занони ҳомила агар кӯдак ғизои зарурӣ наёбад, шираи устухонро ҷаббида мегирад, ки ин ба заифии устухон ва ҳолати тез пиршавӣ оварда мерасонад.
Аз рӯи мушоҳидаҳо нафароне ҳастанд, ки дар вақти рӯза доштан вазни онҳо зиёд мегардад ё боиси бемории меъда мешавад. Ин нафарон онҳое мебошанд, ки баъди худдорӣ аз таому об давоми чанд соат якбора хӯроки зиёд истеъмол менамоянд. Ё барои ҳис накардани гуруснагӣ бештар таомҳои дуюм истеъмол менамоянд.
Худойбердӣ Қосимов иброз намуд, ки зимни гирифтани рӯза пеш аз истеъмоли хӯрок ҳатман сабзавот ё хӯроки обдор истеъмол намоед, то меъдаи шумо осеб набинад. Инсонҳо аксаран дар вақти таомхӯрӣ саросема мешаванд ва якбора хӯроки зиёд истеъмол менамоянд. Вале маълум аст, ки то он даме, ки ҳиссиёти инсон аз сер шудан хабар мерасонад, аллакай меъда хӯроки аз меъёр зиёдро дар худ ҷой медиҳад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад






