МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2024/12/intihobot-2025.jpg)
ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи озоду шаффоф яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа ва таҳкими эътимоду боварӣ ба қонунмандии ҳокимият маҳсуб мешавад. Қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дар бораи интихобот ва принсипҳои аз ҷониби умум пазируфтаи байналмилалӣ василаҳои гуногуни таъмини шаффофият ва ошкорои ҷараён гирифтани интихоботро муайян намудаанд. Дар ин замина мушоҳидаи раванди интихобот тавассути мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ нақши хос дорад.
Нақши мушоҳидони байналмилалӣ дар раванди интихобот
Мушоҳидаи байналмилалӣ -таҷрибаи пазируфта дар раванди интихобот маҳсуб шуда, тартиби иштироки мушоҳидони байналмилалиро қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи интихобот муайян менамояд.
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар раванди интихобот мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори байналмилалӣ танзим мегардад.
Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2024 «Тартиби иштироки мушоҳидони байналмилалӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст, ки он низ ба танзими фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз нашри Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйини рӯзи интихобот барои иштирок дар мушоҳидаи раванди интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2025 аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 26 давлати хориҷӣ ва 4 ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ даъватнома фиристода шудааст.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии номбаршуда, баъди гирифтани даъватнома мушоҳидони байналмилалӣ бо дархост оид ба аккредитатсия шуданашон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд. Онҳо ба дархост нусхаи шиноснома ва анкетаи номзад ба мушоҳиди байналмилалиро, ки шакли онро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, бояд замима намоянд.
Дар мавриди аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супорида мешавад. Танҳо баъди гирифтани ин шаҳодатнома мушоҳиди байналмилалӣ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар давраи омодагӣ ва гузаронидани интихобот мушоҳидаро амалӣ намояд. Бе доштани чунин шаҳодатнома шахс мушоҳиди байналмилалӣ буда наметавонад ва ҳуқуқи мушоҳидаи раванди интихоботи вакилони Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо намекунад.
Аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ ду шакли мушоҳида- дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат амалӣ карда мешавад.
Қонунгузории интихоботии мамлакат муқаррар намудааст, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия кардани онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.
Ҳуқуқу уҳдадориҳои мушоҳидони байналмилалӣ чӣ гуна аст?
Бояд иброз намуд, ки мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро озодона амалӣ менамоянд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд. Барои таъмини амнияти мушоҳидони байналмилалӣ дар давраи интихобот хатисайри маҳалҳое, ки мавриди мушоҳидаи онҳо қарор мегиранд, бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мувофиқа карда шавад.
Мушоҳидони байналмилалӣ дар раванди омодагӣ ва гузаронидани интихобот ҳуқуқ надоранд хулосаи пешакӣ диҳанд, ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботӣ паҳн намоянд. Дар хулосаи худ нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла, хизбҳое, ки дар интихобот иштирок надоранд ё фаъолияти онҳо бо санади судӣ қатъ карда шудааст, афзалият баён намоянд. Ғайр аз ин онҳо наметавонанд дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд.
Онҳо ҳуқуқ надоранд мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот вобаста нест, истифода намоянд.
Бояд дар назар дошт, ки мушоҳидони байналмилалӣ танҳо бо мақсади мушоҳида даъват карда мешаванд ва ҳеҷ гуна ҳуқуқи назорат ва ё дахолат кардан ба раванди интихоботро надоранд.
Мушоҳидони байналмилалӣ уҳдадоранд Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалиро риоя намоянд, шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дар бораи аккредитатсия шуданашон ба сифати мушоҳиди байналмилалӣ бо худ дошта бошанд ва онро якҷо бо шиноснома бо талаби комиссияи интихобот манзур намоянд.
Онҳо бояд вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлат, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор ва дигар иштирокдорони ҷараёни интихобот анҷом диҳанд. Онҳо бояд фаъолияти худро тарзе амалӣ намоянд, ки ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд.
Хулосаҳое, ки мушоҳидони байналмилалӣ пешниҳод мекунанд, бояд дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия карда шаванд. Аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ риоя шудани принсипҳои бетарафии сиёсӣ ва беғаразӣ метавонад ба шаффофу ошкоро гузаронидани интихобот мусоидат намояд.
Дармавриди аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон кардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи онҳоро бекор менамояд.
Абдуҷаббор ҚОДИРЗОДА,
муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон