НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР. Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ — фарҳангӣ баргузор гардид

Февраль 8, 2025 13:42

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар мавзуи «Нақши Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз аввалин ва таъсирбахштарин санадҳои ҳуқуқии таърих аст. Он барои шиносоии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии шаҳрвандон, аз ҷумла озодии виҷдон, ҳуқуқи баробарии миллӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон кумак намуд. Ин эъломия асосҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дар рӯйи замин ба вуҷуд овард ва барои рушди давлатҳои гуногун, аз ҷумла сохтори ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аҳаммияти махсус дошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».

Дар ҳамоиш иштирокчиён дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир: аввалин Эъломияи расмии ҳуқуқи инсон», «Андар шинохти чеҳраи воқеии Куруши Кабир» ва «Нақши Эъломияи Куруши Кабир дар ташаккул ва инкишофи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ» маъруза намуданд.

АКС: Донишгоҳи милли Тоҷикистон

Февраль 8, 2025 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд