НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии «Тоҷикстандарт» ба миқдори беш аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» зимни гузаронидани санҷишҳо ба миқдори 1 миллиону 11 ҳазору 801 кг (соли 2023 1 миллиону 436 ҳазору 643 кг) маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ошкор гардид, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (889 ҳазору 309 кг) ва қисми дигари он аз рўи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (122 ҳазору 492 кг) ба талабот ҷавобгў набуданд. Чунин иброз намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода.
Тавре иттилоъ дода шуд, тибқи хулосаи озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 50 ҳазору 906 кг маҳсулоти гӯштӣ, 157 ҳазору 111 кг равғани растанӣ, 27 ҳазору 434 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 16 ҳазору 284 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 24 ҳазору 159 кг маҳсулоти қаннодӣ, 14 ҳазору 802 кг маҳсулоти ширӣ, 352 кг иловагиҳои ғизоӣ, 6478 кг тухми мурғ, 134 008 кг намак, 101 923 кг маҳсулоти ғалладонагӣ, 140 ҳазору 284 кг орд, 16 ҳазору 599 кг консерва ва дигар маҳсулот, ки дар бозори дохилӣ ғайристандартӣ буданд, ошкор гардиданд. Нисбат ба фурӯшандагони ин маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
«Тавассути гузаронидани вохӯрӣ ва машварат бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд. Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 225 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, ба анбори нигоҳдории муваққатии Агентӣ супорида шуд»,-гуфт Темурҷон Абдулваҳҳобзода.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани санҷиш ва назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 7165 ҳолат ба маблағи умумии 2 миллиону 450 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима таъйин ва ин маблағҳо ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд






