НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 57 мамлакати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулот содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз Тоҷикистон ба хориҷи ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 600 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулоти ватанӣ бе назардошти металлҳои қиматбаҳо содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 292 миллиону 400 ҳазор доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.
Директори агентӣ иброз дошт, ки дар ин давра ҳам номгӯи маҳсулоти ватанӣ ва ҳам мамлакатҳое, ки ба онҳо молу маҳсулот содирот карда мешавад, тамоюли рӯ ба афзоиш дошт. Аз Тоҷикистон ба 57 мамлакати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 6 давлат зиёд мебошад. Солҳои охир номгӯи содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба зиёда аз 500 номгӯй расида, ҳиссаи воридот дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад.
Соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ ба таври назаррас рушд ёфта, ба 8 миллиарду 955 миллион доллар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 626 миллиону 100 ҳазор доллар зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 1 миллиарду 543,5 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 284 миллион доллар зиёд гардид.
Инчунин ба маблағи 56,7 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 8,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ба маблағи 31,7 миллион доллар, 40,2 ҳазор тонна меваҷот ба маблағи 13,2 миллион доллар, 30,9 ҳазор тонна сабзавот ба маблағи 3,5 миллилон доллар ва 6,7 ҳазор тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 8,3 миллион доллар содирот шудааст.
«Агентии содирот бо хоҷагидорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ватанӣ бо мақсади талаф наёфтани маҳсулоти тару тоза ва зиёд намудани ҳаҷми содироти меваи хушк пайваста кор мебарад. Дар натиҷа содироти хушкмева соли 2024 нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 2,2 миллион доллар ё 7,3 фоиз зиёд гардид. Аз нигоҳи самаранокии иқтисодӣ коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои захира, бандубаст, пешгирӣ аз талафёбӣ ва бо арзиши баланд ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот гардидани он бартарият дошта, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Агентии содирот соли 2024 харитаи содироти ҷумҳурӣ васеъ ва гуногуншаклии маҳсулоти ватании ба содирот нигаронида таъмин гардид», — гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






