НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 307 иншоот ба истифода дода мешавад

Февраль 4, 2025 16:31

РАШТ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатиро ба нақша гирифтааст. Ба ҳолати якуми январи соли 2025 шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳия ба 32 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 ду коргоҳу корхона зиёд мебошад. Дар айни замон сохтмони 4 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар арафаи анҷом қарор дошта, дар муҳлати наздик ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ  Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия  307 иншооти мухталиф бунёд ва ба истифода дода мешавад. То имрӯз 258 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки 84 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар иншооти боқимонда сохтмону навсозӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди баланд бардоштани сатҳу сифати  таълиму тарбия  гуфта шуд, ки давоми солҳои 2023-2024 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон  дар ноҳия 32  бинои наву замонавии таълимӣ  ва 30 синфхонаи иловагӣ  барои 9160 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд. Ин биноҳо бо мизу курсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва синфхонаҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз 18 муассисаи таълимии дар биноҳои садамавӣ фаъолиятдошта, ба истиснои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Бароти Шарифии Ҷамоати деҳоти Ҷафр, ки сохтмони онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст, дар назди дигар муассисаҳои таълимӣ биноҳои наву  замонавӣ  сохта шуданд.

 Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд