НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад

Февраль 7, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ таҳия ва тасдиқ гардид. Тибқи он бунёди 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо 165 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода ба хабарнигорон  иттилоъ дод.

«Ҳамзамон дар доираи ин ҷашн сохтмон ва навсозии 3,8 км роҳҳо, бунёди 2 сардхона ва гармхона, сохтмони 30 бинои баландошёна, рангу бори 93 биною иншоот ва сохтмон ва навсозии 29 партовгоҳ ба нақша гирифта шудааст», — гуфт Умед Гуреззода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум 105 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ барои бунёд, навсозӣ ва таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 11 ададро бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимии хусусӣ ташкил медиҳад.

«Ҳоло дар ноҳия бунёди 5 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ барои беш аз 6380 ҷойи нишаст дар ду баст ва 14 муассисаи томактабӣ барои 2240 тарбиятгиранда идома дорад. Дар нақша дорем, ки соли 2025 бархе аз онҳоро ба истифода диҳем», -афзуд Умед Гуреззода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд