НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 03.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ 110 килограммро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 59 фоиз ё 41 килограмм зиёд мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти мабуотӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар баён намуд.
Иброз гардид, ки моддаҳои психотропии синтетикӣ бештар аз Афғонистон ба мамлакат ворид мешаванд ва истифодабарандагони он асосан ҷавонон мебошанд.
Инчунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17 ҳазору 871 ҳаб мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2023 13 ҳазору 677 ҳаб зиёд мебошад.
«Аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ соли 2024 аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 381 килою 365 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2023 17 фоиз ё 901 килою 449 грамм кам мебошад»,- гуфт Самад Зафар.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






