НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ зиёд гардидааст

Февраль 3, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ 110 килограммро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023  59 фоиз ё 41 килограмм зиёд мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти мабуотӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар баён намуд.

Иброз гардид, ки моддаҳои психотропии синтетикӣ бештар аз Афғонистон ба мамлакат ворид мешаванд ва истифодабарандагони он асосан ҷавонон мебошанд.

Инчунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17 ҳазору 871 ҳаб мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2023  13 ҳазору 677 ҳаб зиёд мебошад.

«Аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ соли 2024 аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 381 килою 365 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2023   17 фоиз ё 901 килою 449 грамм кам мебошад»,- гуфт Самад Зафар.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд
Дар вилояти Хатлон тақрибан 179 кг маводи нашъаовар мусодира ва гурӯҳи муташаккили фаромиллии қочоқбарон боздошт гардид