НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 9 давлати дунё иштирок намуданд

Февраль 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.02.205 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд ба ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 9 давлати дунё мусоидат намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ичрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов иттилоъ дод.

Масъалаи муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ берун аз мамлакат яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти Палата ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ ба он диққати махсус дода шуд. Палата иштироки аъзо ва соҳибкорону ширкатҳои ватаниро дар намоишгоҳҳои 9 давлати дунё, аз ҷумла Узбекистон, Эрон, Федератсияи Русия, Туркия, Чин, Олмон, Ҳиндустон, Дубай ва Қатар таъмин намуд.

Инчунин барои шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо бо мусоидати Палата зиёда аз 2862 соҳибкор ба таври ҳузурӣ (офлайн) ва маҷозӣ (онлайн) дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва форумҳои тиҷоратӣ фаъолона иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ зиёда аз 243 санади ҳамкории нав байни корхонаҳои ватанию хориҷӣ ба имзо расид. Аз санадҳои баимзорасида зиёда аз 183 адади онро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, 20 санадро  содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷаи дуру наздик ва 40 санадро хариди молу маҳсулот, таҷҳизот аз кишварҳои хориҷӣ барои ворид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст