НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи маъюбон дар Тоҷикистон давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи маъюбон соли 2024 дар ҷумҳурӣ 167 ҳазору 108 нафарро ташкил дода, дар се соли охир 0,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Яъне, ин шумора давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад. Ин матлабро имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозада иброз намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар осоишгоҳҳои низоми Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 3575 нафар ва дар сатҳи ҷумҳурӣ 82 нафар нафақахӯрон барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳхати табобати санаторию курортӣ таъмин гардиданд. Инчунин ба 517 нафар бар ивази роҳхати истифоданашуда ба маблағи 744 ҳазору 480 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт гардид, ки нисбат ба соли 2023 мутаносибан 97 нафар ва 173 ҳазору 280 сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2024 ба 156 нафар иштирокчиён ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо барои гирифтани табобат дар хориҷи мамлакат чиптаи имтиёзноки рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба маблағи 463 ҳазору 895 сомонӣ дода шуд. Ба 19 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳаҷми 60 ҳазору 509 сомонӣ маблағи меъёри ангишт барои давраи тирамоҳу зимистон пардохт карда шуд.
Дар ин давра 11 ҳазору 456 нафар шахсони маъюб (аз ҷумла, 4064 кӯдак) бори нахуст расман сабти ном шуда, 7195 нафар аз маъюбӣ бароварда шуд.
Тамоюли зиёдшавии теъдоди маъюбон соли 2024 4284 нафарро ташкил дод, ки он асосан аз ҳисоби нуқсонҳои модарзодӣ ва иллатҳои генетикӣ ташаккул ёфтааст.
Соли 2024 ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ 31 ҳазору 590 нафар беморон ва маъюбон барои муқаррар ва тасдиқ намудани гурӯҳи маъюбӣ муроҷиат намуданд. Нисбат ба 30 ҳазору 355 нафар маъюбӣ муқаррар ва такроран тасдиқ карда шуд, ки 96,1%-ро ташкил менамояд. Инчунин 320 нафари муҳтоҷ барои гирифтани воситаҳои техникӣ муроҷиат намуд. Муроҷиат нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (34 787 нафар) 3197 нафар коҳиш ёфтааст, ки ин аз ҳисоби маъюбони такрорӣ мебошад. Аз 31 ҳазору 590 муроҷиаткунанда 21 ҳазору 480 нафарро калонсолон ва 10 ҳазору 110 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






