НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 815 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 824 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 125 фоизро ташкил медиҳад. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ.
«Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 90,4 миллион сомонӣ ё 124 фоиз, саноати коркард 3,3 миллиард сомонӣ ё 113 фоиз, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,7 миллиард сомонӣ ё 134 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 81 миллион сомонӣ ё 144 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бештар таъмин гардид», — гуфт Бахтиёр Шарифӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр, новобаста аз шакли моликият 43 240 ҷойи кор таъсис ва барқарор карда шуд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,3 фоиз зиёд мебошад.
Давоми соли 2024 тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 11 ҳазору 383 шаҳрванди бекор (6018 зан) бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






