НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид

Февраль 13, 2025 13:41

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид. 1409 нафар ба маблағи умумии 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар нишаст гуфта шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулият барои таълими тарбияи кӯдак» дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 27 782 парванда нисбат ба вайронкунандагони ин қонун баррасӣ гардид. Дар натиҷа ба 4135 нафар ҷазои огоҳӣ дода шуда, нисбат ба 23 670 нафар ҷарима ба маблағи умумии 6 миллиону 31 ҳазору 831 сомонӣ таъйин гардид.

«Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, он ба тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ ва эстетикии инсон равона гардидааст. Тарбияи ҳуқуқӣ бо назардошти ахлоқ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ ва одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад»,- чунин иброз гардид дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки судҳо соли 2024 аз рӯи ҳамаи парвандаҳо маблағи боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидаро ба маблағи 125 миллиону  606 ҳазору 63 сомонӣ рӯёнида, ба буҷаи ҷумҳуриявӣ гузарониданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 13, 2025 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид