НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид. 1409 нафар ба маблағи умумии 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишаст гуфта шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълими тарбияи кӯдак» дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 27 782 парванда нисбат ба вайронкунандагони ин қонун баррасӣ гардид. Дар натиҷа ба 4135 нафар ҷазои огоҳӣ дода шуда, нисбат ба 23 670 нафар ҷарима ба маблағи умумии 6 миллиону 31 ҳазору 831 сомонӣ таъйин гардид.
«Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, он ба тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ ва эстетикии инсон равона гардидааст. Тарбияи ҳуқуқӣ бо назардошти ахлоқ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ ва одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад»,- чунин иброз гардид дар нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки судҳо соли 2024 аз рӯи ҳамаи парвандаҳо маблағи боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидаро ба маблағи 125 миллиону 606 ҳазору 63 сомонӣ рӯёнида, ба буҷаи ҷумҳуриявӣ гузарониданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд






