НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 247 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 247,1 ҳазор ҷойи кори нав, аз ҷумла 167,4 ҳазор ҷойи кор дар бахши воқеӣ ва 79,1 ҳазор дар бахши хизматрасонӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дод.
Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамчунин гуфт, ки шумораи ҷойҳои кории нав таъсисшуда соли 2024 нисбат ба соли 2023 16,4 ҳазор адад зиёд мебошад. Дар бахши воқеии иқтисодиёт ҳиссаи бештар- 108,6 ҳазор ҷойи кор ба соҳаи кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ рост омада, 39,6 ҳазори дигар дар соҳаи сохтмон мебошад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба таълими касбӣ фаро гирифта шуданд.
Зимни нишаст Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иброз намуд, ки дар самти ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» саҳми назаррас дорад. Ҳиссаи он аз шумораи умумии шахсони ба касбомӯзӣ фарогирифта ба 73 фоиз баробар шуда, 40 546 нафарро дар бар мегирад.
Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бештар аз рӯйи касбу ихтисосҳои дӯзандагӣ, кафшергари барқӣ, барқчӣ, асосҳои компютерӣ, қаннодӣ, челонгари таҷҳизоти сантехникӣ, ошпаз, ороишгари мӯй ва рӯй ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






