Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Февраль 17, 2025 21:15

ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Маросими истиқболи расмӣ дар Маҷмааи фарҳангӣ – ҳунарии Саъдободи шаҳри Теҳрон доир шуд.

Баъди маросими истиқболи расмӣ мулоқоти хосcаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Муҳаммадризо Ориф ва мулоқоти ҳайатҳои васеъ баргузор гардид.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки Эрон дар низоми равобити  байналмилалии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки соли равон дар доираи сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён гардиши мол байни ду давлат афзоиш ёфта, муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба таври назаррас густариш меёбанд.

Таъкид карда шуд, ки муносибатҳои кишварҳо муштаракоти таърихию фарҳангӣ дошта, ду миллат тамаддуни бой ва забони ҳаммонанд доранд.

Ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои барои ҷонибҳо манфиатовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо аз рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷабҳа дар самтҳои гуногун шуданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорату сармоягузорӣ имконоти фаровон доранд ва истифодаи самараноки ин имконияту захираҳо метавонад барои рушди ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун  заминаи воқеӣ гузорад.

Имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон  заминаи устувори равобити байниҳукуматӣ дар оянда маънидод гардид.

Дар идомаи мулоқот ба Ҳукумати Эрон ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2025 21:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид