Оид ба робитаи илм бо истеҳсолот ва технологияҳои коркардшуда машварати илмӣ баргузор гардид

Февраль 22, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо» дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» машварати илмии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар машварат технологияҳо  ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегия барои солҳои 2021-2024  коркард ва барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд, муаррифӣ шуданд.

Дар идомаи кори машварат ҳамчунин 12 технологияи коркардшуда ва 6 лоиҳаи инноватсионии татбиқнамудаи  олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчунин 2 технологияи коркарду татбиқнамудаи олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» коркарду татбиқ шудаанд,  рунамоӣ  гардиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 22, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд