«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарони вазорату идораҳо оғоз гардид

Февраль 17, 2025 14:05

ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки аз 15   феврал то 6 марти соли 2025 идома меёбад, зиёда аз 40 даста байни ҳам барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» рақобат менамоянд.

Таъкид шуд, ки саҳми модарони тоҷик дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ қобили таҳсин аст.

Иброз гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳар варзишгарзан таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса дорад. Бинобар ин, ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо пайваста барои шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон низ дар қатори мардон ва чун шарики боэътимод дар кулли чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ бо саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона, хираду заковат ва матонату диловарӣ намунаи ибрат мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари мамлакат бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоишу конфронс, мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, инчунин барои занону духтарон маҳфилҳои идона ташкил мешаванд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2025 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд