«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарони вазорату идораҳо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки аз 15 феврал то 6 марти соли 2025 идома меёбад, зиёда аз 40 даста байни ҳам барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» рақобат менамоянд.
Таъкид шуд, ки саҳми модарони тоҷик дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ қобили таҳсин аст.
Иброз гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳар варзишгарзан таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса дорад. Бинобар ин, ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо пайваста барои шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон низ дар қатори мардон ва чун шарики боэътимод дар кулли чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ бо саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона, хираду заковат ва матонату диловарӣ намунаи ибрат мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари мамлакат бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоишу конфронс, мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, инчунин барои занону духтарон маҳфилҳои идона ташкил мешаванд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони гуногункасби пойтахт баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд






