Падару модарони сарбозон аз Ҳисор бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомии вилояти Суғд шинос шуданд

Февраль 22, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати 50-нафараи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, комиссариати ҳарбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва падару модарони сарбозоне, ки дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилояти Суғд хизмат менамоянд, ба дидорбинии сарбозону афсарон ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилояти Суғд рафтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Падару модарони сарбозон пас аз дидору суҳбат бо фарзандонашон дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиа бо шароити хизматию иҷтимоии афсарону сарбозон дар қисми ҳарбӣ бо хобгоҳ, ошхона ва утоқҳо барои машғулияти сарбозон шинос шуданд. Онҳо бо қаноатмандӣ аз тартибу низом, тозагӣ ва беҳтарин шароити хизмат ба ҳайати шахсии қисми низомӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин тибқи барномаи чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои афсарону сарбозон ва падару модарони онҳо дар ошхонаи қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд.

Дар идома дар саҳни қисми ҳарбӣ чорабинии тантанавӣ доир гардида, аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба командирони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сарбозоне, ки дар ин қисмҳои ҳарбӣ хизмати Ватанро шарафмандона адо менамоянд, Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

Дар фарҷом ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор, ки ҳайатро ҳамроҳӣ менамуданд, бо барномаи консертӣ хотири афсарону сарбозонро болида гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 22, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Рӯзи таъсисии Қувваҳои Мусаллаҳро дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд
Дар вилояти Хатлон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиши идона баргузор гардид