Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Палатаи ҳисоб соати 08:00 баргузор мешавад.
Дар Агентии омор нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон соати 10:00 баргузор мешавад.
Дар Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон соати 09:00 баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






