ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд

Февраль 9, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз падидаҳои навини замони Истиқлоли давлатӣ ва ҳуҷҷати стратегӣ буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор барои таъмини ҳадафҳои созанда дарҷ гардидаанд.  

Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дастоварду пешравиҳои ҷумҳурӣ баён гардида, барои пешбурди ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, саноат, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, тандурустию фарҳанг, илму маориф ва ҳифзи иҷтимоию варзишии аҳолӣ дар солҳои оянда вазифаҳои мушаххас гузошта мешаванд.

Гузашта аз ин дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади расмӣ оинномаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии мамлакат ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо буда, дар ҳақиқат қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшон аст.

Яке аз хусусияти хоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, хусусан  Паёми соли 2024 иборат аз таъмини механизми рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда буда, мақсади асосии он дарёфти сарчашмаҳои навини рушди иқтисодӣ барои таъмини некуаҳолии сокинони мамлакат мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз ҳама захираю имконияти мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагонии мардум нақшаҳои бузурги созандаро амалӣ намуда, бо мақсади ҳарчӣ зудтар гузаштан ба рақамикунонии соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

Ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин татбиқи нақшаю барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояҳои дохилию хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси мамлакат дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Дар ин раванд дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, алалхусус муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангию фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Аз ҳама муҳим он аст, ки корҳои дар ин самт анҷомдода ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ҳамчун роҳнамои таъмини ҳадафҳои созанда ва қутбнамо ба сӯйи ояндаи дурахшон мусоидат мекунанд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои пешбинишуда даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расида, ин нишондиҳанда 3 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Вобаста ба ин барои сари вақт ва босифат иҷро намудани барномаю нақшаҳои қабулгардида ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастуру супориш доданд, ки то охири соли 2025 лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030”-ро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” зарурати бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунанда, шумораи санҷишҳо ва даврият гузаронидан ва то андозае маҳдуд кардани онҳоро барои рушди минбаъдаи соҳибкории ватанӣ саривақтӣ шумориданд.

Дар ин замина ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо дигар мақомоти марбута супориш дода шуд, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон бо ин ба ин кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки дар муҳлати се моҳ “Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040” бо назардошти маълумоти дақиқ оид ба захираю имконият ва самтҳои беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат бо асоснок намудани соҳаҳои афзалиятноки он таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав низ таҷдиди назар талаб менамояд, чунки ҳоло имтиёзи гуфташуда на аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона, балки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он ҷорӣ гардида, соҳибкорону сармоягузорон аз ин имтиёз пурра бархурдор нестанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб Президенти Тоҷикистон Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андозро вазифадор намуданд, ки оид ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки нав фаъолияти истеҳсолиро оғоз намудаанд, дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар доираи ҳадафи стратегӣ барои ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ дар истеҳсолот, васеъ истифода намудани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат дар панҷ соли охир ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти саноатии мамлакат қариб ду баробар зиёд шуда, аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Бо назардошти торафт ба масъалаҳои рӯзмарра табдил шудани ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва дастгирии онҳо дар дохили мамлакат дар коркарди ашёи хом Президенти Тоҷикистон тавсия доданд, ки доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Махсусан, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт бо пешниҳоди Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хосса муаррифӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ инчунин пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳама самтҳои рушди устувори иқтисодиёт, роҳҳои афзоиш додани даромади буҷети давлатӣ,  таъмини истиқлолият, ташкили равандҳои инноватсионӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро дар бар гирифтааст.

Ҳамин тариқ, ҳуҷҷати стратегии барномавӣ ва роҳнамо — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқию бебаҳс ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад, ба беҳтаршавии некӯаҳволии мардум ва шукуфоии Ватан нигаронида шудааст. Он ҳар шаҳрвандро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшишро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибихтиёр равона намояд.

Абдуалим ҲОМИДОВ,
декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд

Маводҳои таҳлилӣ