«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ». Дар Хатлон ҳамоиши сиёсӣ-тантанавӣ доир гардид

Февраль 19, 2025 16:29

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар қисми низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилоят таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллӣ» ҳамоиши сиёсӣ-тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Нахуст дар доираи ташаббуси «Модарон ба дидорбинии сарбозон мераванд» ҳайати меҳмонон ҳамроҳ бо модарон вориди қисми низомӣ шуда, намоиши ҷузъу томҳои сарбозону афсаронро тамошо намуданд. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш бозиҳои варзишӣ- шоҳмотбозию волейбол ва машқу тамринҳои тактикӣ аз ҷониби сарбозон пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода доир ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аз таърихи Артиши миллӣ, раванди ташаккули он, ки роҳи пурпечутобро тай намуда, имрӯз ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфтааст, ёдовар шуд.

«Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади роҳнамо сохтани ҷавонон ба шуҷоатмандию далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеа, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, имрӯзҳо дар сатҳи вилоят чорабиниҳои зиёди ватандӯстона баргузор мешаванд»,-иброз гардид дар ҷамъомад.

Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Дар ин маврид Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт- дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».

Иброз гардид, ки пойдорӣ ва устувории пояҳои Артиши миллӣ аз тартибу низомӣ қатъии афсарону аскарон вобаста аст.

Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳ мебошанд. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ давлат наметавонад бе он истиқлолияти комили худро таъмин намояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат қарзи фарзандӣ ва имонию виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус ба ҳисоб меравад. Ҷавононро мебояд бо донишу малака, қувваи бузург ва неруи зеҳнӣ бар зидди амалҳои номатлубе, ки онҳоро ба коми худ мекашанд, муборизаро қувват бахшида, ҳисси ватандӯстиашонро баланд бардоранд.

Намояндагони қисми низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш изҳор доштанд, ки сол аз сол шароити техникӣ барои машқу тамринҳои сарбозон, таъмини хӯрокворӣ ва дигар шароити зарурӣ барои сарбозону афсарон беҳтар мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар вилояти Хатлон Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидааст. Дар ҳамоиши сиёсӣ-тантанавӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллӣ» ба хотири мукаммал намудани дониши сарбозону афсарон ба қисми низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз 300 нусха китоб туҳфа шуд.

Ба як зумра сарбозону афсарони ин қисми низомӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тақдим шуд.

Ҳамчунин ба хотири истироҳату фароғати афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, бозиҳои варзишӣ ва суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан пешниҳод шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Февраль 19, 2025 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад