Президенти Тоҷикистон: «Дар моҳи мубораки Рамазон ба ятимону маъюбон ва муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан бисёр муҳим аст»

Февраль 28, 2025 13:54

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст. Чунин баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон.

Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Сарвари давлат иброз намуданд, ки ҳикмати садақа аз назари иҷтимоӣ – ҳамрозу ҳамнавои ҷомеа дар ғаму саодати он будан аст.

«Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони басаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии мамлакат ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад.

Масалан, бунёду таъмири муассисаҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо, об баровардан ба маҳалли зисти ҳамдиёрон ё обод кардани манзили зисти оилаҳои камбизоату муҳтоҷ нисбат ба ҳар амали таассубомез арзиши зиёди маънавию иҷтимоӣ ва манфиату савоби бештар дорад», -изҳор намуданд Пешвои миллат.

Таъкид гардид, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ, сабру тамкин ва парҳез аз ғизо, балки озмоиши руҳу равон ва покизагии нияту амали инсон низ мебошад.

«Мо бояд ҳамеша ва хусусан дар моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем ва хислатҳои неки инсониро риоя намоем.

Дигар аз фазилатҳои бузурги ин моҳ аз он иборат аст, ки шахси мусулмон бояд аз хароҷоти бемавқеъ ва исрофкорӣ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгораш мегардад, худдорӣ намояд», — афзуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зеро доир ба исрофкорӣ дар сураи Аърофи Қуръони маҷид омадааст: «Бихӯреду бинӯшед ва исроф накунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2025 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон