Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози суҳбат паёму дуруди самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён расонида шуд.
Зимнан мусоҳибон аз рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон, ки пас аз сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон хеле ривоҷ ёфтааст, ёдовар шуданд.
Дар идома кӯшишҳои босамари ниҳодҳои ду ҷониб баҳри татбиқи созишномаҳои нави ҳамкорӣ таъкид гардида, муносибатҳои неки фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ омили муҳими тавсеаи ҳамкории зич дар ҳама самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ карда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои Тоҷикистон бо Эрон ҳамчун авлавият боқӣ мемонад.



Бо такя ба зарфияти мавҷуда барои ноил гардидан ба тавофуқоти қаблӣ дар мавриди ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонидани ҳаҷми табодули мол байни ду кишвар изҳори умеду боварӣ карда шуд.
Таъмини рафтуомади бе раводид байни Тоҷикистону Эрон, сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, нақлиёт ва ғайра аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими суҳбат буд.
Бо итминон таъкид шуд, ки дар партави раҳнамоиҳои сарони ҳарду давлат ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун аз имрӯза дида бештар густариш меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд






