Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъйини як қатор давлатҳои хориҷиро қабул намуданд

Февраль 19, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъйини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арманистон Гевондян Армен Вачикович, Босния ва Гертсеговина Нияз Чардаклия, Малайзия Илҳам Туа бин Иллиас, Подшоҳии Испания Луис Франсиско Мартинес Монтес, Давлати Исроил Гидеон Лустиг, Ҷумҳурии Словения хонум Аленка Сухадолник, Ҷумҳурии Чехия Любомир Фреборт ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Ҷамол Боқир Абдулло эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон, Босния ва Гертсеговина, Малайзия, Подшоҳии Испания, Давлати Исроил, Ҷумҳурии Словения, Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия андешаронӣ намуданд.

Ба сафирони навтаъйин муроҷиат карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: — “Боиси хушҳолист, ки давлатҳои шумо имрӯз дар сафи дӯстон ва шарикони воқеии Тоҷикистон қарор доранд ва мо ба тавсеаи робитаҳои ҳасана бо онҳо аҳаммияти рӯзафзун медиҳем”.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар маҷмуъ ба дурнамои муносибатҳои байнидавлатии худ бо кишварҳои сафиронашон навтаъингардида назари нек дошта, таҳкиму пешбурди минбаъдаи онҳоро муҳим арзёбӣ мекунад.

Тавсеаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самаранок миёни кишварҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои умдаи муштараки давлатҳо маънидод намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст аз тамоми имконияту зарфиятҳои мавҷуда ва василаву абзорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба таври муассир кор бигирад.

Дар хотима Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба сарварони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.

Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ 19.02.2025

Февраль 19, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд