Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 500 кӯдак таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бо лигаҳои футбол, федератсияҳои минтақавии тобеи ФФТ, инчунин бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа чорабиниҳое, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ба нақша гирифта шудаанд, эълон гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукуҳ таҷлил мегардад. Имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол давоми як ҳафта – аз 19 то 25 май таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯзҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳои идонаи футбол баргузор мешаванд. Ҷашнвораи асосии футбол рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо иштироки беш аз 500 кӯдак доир мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод






