Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 500 кӯдак таҷлил мегардад

Февраль 8, 2025 14:03

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бо лигаҳои футбол, федератсияҳои минтақавии тобеи ФФТ, инчунин бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар  ҷаласа чорабиниҳое, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ба нақша гирифта шудаанд, эълон гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Соли дуюм  аст, ки  дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукуҳ  таҷлил  мегардад. Имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол давоми як ҳафта – аз 19 то 25 май таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯзҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳои идонаи футбол баргузор мешаванд. Ҷашнвораи асосии футбол рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо  иштироки беш аз 500 кӯдак доир мегардад.

Бояд таъкид намуд, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 8, 2025 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд