Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Давлати Қатар мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Қатар Иброҳим Абдулло ал—Дуҳаймӣ мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба робитаҳои дуҷониба дар заминаи ҳамкории башардӯстона матраҳ гардида, оид ба ҳамкории сохторҳои хайриявии ду давлат дар чаҳорчӯби санадҳои баимзорасидаи дуҷониба табодули афкор доир шуд.
Зимнан, ҷонибҳо дар робита ба табодули сафарҳои соҳавӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар








Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид






