САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст

Февраль 4, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони муосир сармояи инсонӣ омили асосии ташаккул ва рушди иқтисоди инноватсионӣ маҳсуб шуда, истифодаи дурусту самараноки он барои рушди муосири иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии он, таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 бо ишора ба суръати рушди иқтисоди миллӣ, ки соли 2024 ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод, таъмини идоракунии самараноки иқтидори мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойи кори нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакатро дар соли 2025 аз вазифаҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ донистанд.

Дар робита ба ин ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида то охири соли 2025 лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Дар ин ҳуҷҷат ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Албатта, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нақшавӣ ва дастовардҳои назаррас сармояи инсонӣ, ки боарзиштарин дороӣ дар замони муосир мебошад, нақши бориз дорад.

Тибқи назария ва дидгоҳи олимону мутахассисон, сармояи инсонӣ маҷмуи донишҳо, малакаҳо ва қобилиятҳое аст, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои гуногуни шахсият ва ҷомеа истифода мешаванд. Ин истилоҳ бори аввал аз ҷониби иқтисоддони амрикоӣ Ҷейкоб Минсер (Jacob Mincer) соли 1958 истифода шудааст. Аз замони пайдоиши назарияи сармояи инсонӣ вобаста ба нақши он дар рушди ҷомеа ва давлат асарҳои зиёд таълиф шудаанд. Ҳоло аҳаммияти сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ, бахусус дар сатҳи давлатӣ яке аз тадбирҳои оқилонаи рушди иқтисодиёти мамлакат эътироф карда мешавад.

Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба ҳафт самти мушаххас таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад. Самти чорум- ин рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок пайваста диққати аввалиндараҷа медиҳад. Тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, бархурдор гардидан аз илмҳои замони муосир ва соҳибкасб гардидани онҳо барои рушди маҷмуии соҳаҳои иқтисодиёт, устувории давлат ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа нақши бориз дорад. Албатта, дар ин росто нақши омӯзгор, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро бар дӯш дорад, нақши калидӣ мебозад.

Дар Тоҷикистон ба омӯзгор ҳамчун устод дар роҳи камолот эҳтирому эътиқод доранд ва шаъну шарафи омӯзгор дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши омӯзгорро дар ҷомеа, бахусус тарбияи насли наврасу ҷавон ва босаводу соҳибкасб гардидани онҳо пайваста бориз арзёбӣ намуда, пешрафти тамоми соҳаҳоро ба доштани донишу малакаи баланд, донистани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои мосир рабт медиҳанд. 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш Президенти Тоҷикистон нақши омӯзгорро дар ҷомеа ва пешрафти давлат басе мубрам арзёбӣ намуда, чунин иброз доштанд: «Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад».

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон ба вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Олимону таҳлилгарон бар онанд, ки ҳарчанд шаклҳои гуногуни сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ вуҷуд доранд, дар ҷаҳони муосир таҳсил яке аз шаклҳои асосӣ ва самарабахш мебошад.

Гарчанде то ибтидои солҳои 1960 таҳсил ҳуқуқи асосии инсон маҳсуб мешуд, тадриҷан он ҳамчун сармоягузорӣ ба инсон низ арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, олимони иқтисоддони амрикоӣ Теодор Уилям Шулс ва Эдвард Денисон дар солҳои 60-уми асри гузашта нишон доданд, ки таҳсил ё илму маърифат ба афзоиши даромади миллӣ бо роҳи баланд бардоштани қобилият ва маҳорати корӣ мусоидат менамояд. Э. Денисон зимни таҳлил аниқ менамояд, ки давоми солҳои 1930-1960 23 дарсад афзоиш ёфтани маҳсулот дар Амрико ба баланд шудани дараҷаи таҳсилнокии қувваи корӣ марбут аст.

Ба ин минвол метавон гуфт, ки маориф соҳаи пешбарандаи истеҳсолоти сармояи инсонӣ ва сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ заминаи устувор барои некӯаҳволии инсон ва тамоми ҷомеа мебошад.

Дар бораи аҳаммияти таҳсил дар ҳаёти шахс, ҷомеа ва давлат бисёр мутафаккирони бузурги сайёра ибрози андеша намудаанд. Аз ҷумла, асосгузори фалсафаи Чини қадим Конфутсий тазаккур додааст, ки бе таҳсил, пеш аз ҳама, таҳсили олии касбӣ имконнопазир аст, ки шахс дар ҷомеа мавқеи арзанда ишғол кунад, дар зиндагӣ ба комёбиҳо ноил шавад, худро ба қадри кофӣ дарк кунад, аз ин лиҳоз ӯ наметавонад ба давлат ва ҷомеа манфиати назаррас биёрад.

Аз ин нуктаи назар бармеояд, ки насли соҳибсаводу бомаҳорат, дорои касби муосиру малакаи кордонӣ дар ҳар давру замон ва шароит на танҳо барои сохтани шароити шоистаи зиндагӣ барои худу атрофиён, балки барои пешрафту суботи давлат ва ҷомеа манфиатовар аст. Агар сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ аз ҷониби давлат ва волидайн мақсаднок амалӣ гардад, онгоҳ бо доштани неруи ақлонию зеҳнӣ ва мутахассисони соҳибкасбу бомаҳорат рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина болоравии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъмин мегардад ва табиист, ки таъмини суботи давлату ҷомеа низ ба таври шоиста имконпазир мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, пайваста таъкид медоранд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсил яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад.

1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Дарси сулҳ Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсил, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин таъминот бо имконияти таълимию методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз даврҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст».

Воқеан, барои сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ, пеш аз ҳама, кадрҳои омӯзгории соҳибмалака ва дорои донишҳои муосир, лавозимоти зарурии таълимӣ ва шароити мусоиди таълиму тарбия аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Дар баробари ин аз таҷрибаомӯзӣ гузаштани кадрҳои соҳа, бахусус дар хориҷи мамлакат самарабахш хоҳад буд. Зеро ин омил аз як тараф ба вусъат ёфтани ҷаҳонбинии кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ ва ташаккули диду афкори нав мусоидат намояд, аз тарафи дигар барои ҳавасманд гардидани онҳо ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба касби омӯзгорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масоили вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ ва пайванди инноватсия бо истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷиро зарур арзёбӣ намуданд.

Солҳои охир авзои сайёра зуд-зуд тағйир ёфта, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо беш аз пеш шиддат мегирад. Дар ин робита олимону коршиносон сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ, бахусус таълиму тарбияи дурусти насли наврасу ҷавонро аз омилҳои муҳимми таъмини амнияту субот арзёбӣ мекунанд. Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишони онанд, ки дар аксар маврид аз надоштани донишу саводи кофӣ ва ё касби мавриди таваҷҷуҳ ҷавонон ба доми хурофоту ифрот гирифтор гардида, даст ба амалҳои даҳшатбор мезананд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар робита ба изҳори нигаронии Президенти Тоҷикистон аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ 9 марти соли 2024 ба АМИТ «Ховар» иброз дошта буд: «Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст».

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ки рушди маърифатнокии аҳолӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирии хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гаравидан ба идеяҳои иртиҷоӣ мебошад.

Бо назардошти ин аҳли ҷомеа, бахусус волидайнро зарур аст, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ҳамчун омили муҳимми зиндагии орому шоиста ва пешрафту шукуфоӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт — мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаю технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем.

Таҳлилу таҳқиқоти донишмандон нишон медиҳанд, ки дар ҷаҳони муосир таҳсил на танҳо раванди интиқоли дониш аст, балки воситаи стратегии сармоягузорие мебошад, ки сармояи инсониро ташкил медиҳад. Ин сармоя омили муайянкунандаи ҳаёти иқтисодии ҷомеа мегардад, ба сатҳи самаранокии иқтисодӣ таъсири бевосита расонида, заминаи устувори некӯаҳволии иҷтимоиро ташкил медиҳад ва ба интихоби роҳи дурусти насли наврас ва коҳиш ёфтани сатҳи амалҳои номатлуб аз ҷониби онҳо таъсири амиқ мегузорад.

Бегназар ЭГАМОВ,
муовини сардори Раёсати тарҷума, таҳрир ва нашри Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
Дар Бонки миллии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани зайтун барои коҳиши холестерин муфид буда, бемории сактаи дилро пешгирӣ мекунад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои Тоҷикистон нақши муассир дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши занону ҷавондухтарон доир шуд
Дар «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
САДА-САРОҒОЗИ СУННАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Он қадимтарин ҷашни башарият аст
Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши илмӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ