Ширкатҳои саноати нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи бузурги ҷаҳонии «Bharat Tex-2025»-и Ҳиндустон иштирок доранд

Февраль 15, 2025 10:35

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон, аз қабили «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», «Арвис», «Пиллаи Тоҷик», «Ҷавонӣ», «Атласи Хуҷанд», «Сапфир», «Фаррух СС» ва Ширкати консалтингӣ дар соҳаи нассоҷӣ дар намоишгоҳи бузурги ҷаҳонии нассоҷӣ — «Bharat Tex -2025», ки 14 феврал дар пойтахти Ҳиндустон- шаҳри Деҳлӣ оғоз ёфт, иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи намояндагони корхонаю ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон аз иштирок дар намоишгоҳи «Bharat Tex -2025» табодули таҷриба, инчунин дарёфти харидорони нав, хариди дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва дигар ашёи хоми соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ мебошад.

Намоишгоҳи бузурги ҷаҳонии нассоҷӣ — «Bharat Tex -2025» бо ибтикори Шурои консорсиум оид ба пешбурди содироти нассоҷӣ (TERC) ва дастгирии Вазорати нассоҷии Ҳиндустон гузаронида шуда, дар назар аст, ки дар он беш аз 5 миллион нигоранда ва 6 миллион харидори байналмилалӣ аз 110 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз 120 000 меҳмон иштирок кунанд. Дар намоишгоҳи байналмилалии «Bharat Tex -2025» тамоми соҳаи саноати нассоҷӣ, аз матоъҳои бофандагии анъанавӣ то дастгоҳу технологияҳои пешрафта намоиш дода мешаванд, ки бозгӯи мероси ғанӣ ва қобилияти муосири Ҳиндустон мебошад. Инчунин дар ҳошияи намоишгоҳи бузурги ҷаҳонии нассоҷӣ — «Bharat Tex -2025» вохӯрию суҳбатҳои доираҳои нассоҷону соҳибкорон дар қолаби G2G /давлат бо давлат/ ва B2B /соҳибкор бо соҳибкор/ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ бо намояндагони саноати нассоҷии Ҳиндустон ва дигар давлатҳои ҷаҳон баррасӣ мегарданд.

Тоҷикистон рушди саноати нассоҷиро яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат арзёбӣ менамояд. Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Bharat Tex -2025» барои барқарор кардани робитаҳо дар қолабҳои G2G ва B2B, ташкили шарикии тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар тамоми занҷираи саноати нассоҷӣ имкони мусоид фароҳам меорад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси корхонаи муштараки Маҷмааи нассоҷӣ ва коркарди ниҳоии нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли Ҳиндустон бо фоизҳои пасти имтиёзнок аз сармояи Ҳиндустон кор мебарад.

Намоишгоҳи ҷаҳонии нассоҷӣ — «Bharat Tex -2025» то 17 феврали соли 2025 идома меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2025 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст