Шуруъ аз 3 феврал байни Тоҷикистон ва Эрон қоидаҳои нав дар низоми бераводид амалӣ мегарданд

Февраль 1, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 3 феврали соли 2025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қоидаҳои нав дар низоми бераводид амалӣ мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки 8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №1 тасдиқ гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори нави ҳайати вазирони Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ доранд, метавонанд бидуни раводид ба қаламрави якдигар тавассути роҳи ҳавоӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баръакс сафар намуда, то 30 рӯз дар ҳар давраи 90 рӯз сафар намоянд.

Бо истинод ба муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати воридшавии бераводиди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби эрониро бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл ҷонибдорӣ менамояд.

Иқдоми мазкур танҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар амалӣ гардида, барои шаҳрвандоне, ки тавассути кишварҳои сеюм ва/ё нуқтаҳои убури сарҳади давлатии заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар менамоянд, раводиди дахлдор лозим аст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 1, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад