Соли 2024 2831 сайёҳи хориҷӣ мавзеъҳои таърихии ноҳияи Муъминободро тамошо намуданд

Февраль 12, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба ноҳияи Муъминобод 110 ҳазору 334 сайёҳ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 2831 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Ноҳияи Муъминобод бо ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ яке аз мавзеъҳои зебои сайёҳии мамлакат маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ сайёҳони дохилию хориҷие, ки ба ноҳияи мо меоянд, бештар мавзеъҳои нодири ноҳия, махсусан мавзеи «Чилдухтарон»-ро тамошо мекунанд», — гуфт раиси ноҳия.

Сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои пешрафти он дар ноҳия ҳамаи шароит муҳайё гардидааст. Ҳамзамон барои ҷалби сайёҳон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 12, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»