Таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз гардид

Февраль 3, 2025 11:27

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор, ки 21 км –ро ташкил дода, аз ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шарора мегузарад, оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Зимни оғози корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор изҳор гардид, ки ин иқдом бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардида, бо сатҳу сифати баланд амалӣ мешавад.

Сипас техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ба таъмиру таҷдиди роҳ шуруъ карданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҳамшафати пойтахт — Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб уҳдадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои буҷетӣ роҳҳои алтернавиро, ки тавассути онҳо нақлиёти зиёд, аз ҷумла боркаш вориди шаҳри Душанбе шуда, боиси вайрон шудани роҳҳо ва танбашавии нақлиёт мегарданд, таъмиру таҷдид намоянд.

Тибқи нақша ва лоиҳаи таҳияшуда ба шаҳри Ҳисор таъмири 21 км, шаҳри Ваҳдат 16 км, ноҳияи Рӯдакӣ 14 км ва ноҳияи Варзоб 3 км роҳ вогузор карда шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 3, 2025 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд