ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар Гулистон 9 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад

Февраль 5, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар маҳаллаи Соҳил, гардиши осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд беш аз 600 бех ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.

Ин тадбири муҳими экологӣ дар шаҳр асосан бо ташкили ҳашарҳои дастҷамъона вусъат ёфта, дар назар аст, ки соли равон дар кӯчаю хиёбонҳо ва мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр қариб 9 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шавад.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар марказ ва 5 ҷамоати шаҳраки шаҳри Гулистон бо саҳми мақомоти маҳал ва бахши ҳифзи муҳити зист бештар аз 3 ҳазор ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.

Ин иқдом дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Февраль 5, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд