Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика Cозишнома оид ба бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар шаҳри Ню-Йорк Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин санадро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Иттиҳоди Доминика дар ин Созмон Филберт Аарон ба имзо расониданд.
Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳои ин созишнома, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ ҳастанд, аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати навад (90) рӯз озод мебошанд.
Ин созишнома ба муҳлати номуайян баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ ба тариқи роҳҳои дипломатӣ аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






