Вобаста ба тақвияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаккули раванди ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ — воситаи устувори ваҳдати миллӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиёни ҳамоиш аз рисолати касбии кормандони мақомоти милитсия ёдовар шуда, иброз доштанд, ки пешрафти ҳаёти ҷомеа аз ваҳдати миллӣ, суботу амният ва таъмини оромию тартиботи ҷамъиятӣ вобаста аст. Дар замони кунунӣ иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти милитсия вогузор гардидааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам изҳор дошт, ки нақши мақомоти милитсия дар таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва рушди низоми давлату давлатдорӣ дар мадди аввал қарор дорад. Ин рисолату вазифаи муқаддас ҳар кормандро водор месозад, ки бо дилу нияти пок, азму иродаи қавӣ ва эҳсоси масъулият барои иҷрои рисолати касбии хеш талош намуда, садоқат ба халқу Ватанро ҳамеша пос дорад.
«Мо бояд дар самти омӯзишу пажуҳиш аз таҷрибаи таърихии гузаштагони миллатамон ибрат гирем, маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеаро баланд бардорем, барои аз миён бурдани ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҳамкории судманд намоем ва дар тақвияти ҷомеаи қонунмеҳвар саҳм гузорем», — гуфта шуд дар ҳамоиш.
Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» амал менамояд, ки мақсади он тағйир ва такмил додани сохтори ташкилию ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ, принсипҳои фаъолият, мавқеи милитсия дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, рушди ҳамкории мутақобил бо ҷомеа, кафолати давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникӣ, дигаргун намудани симои иҷтимоии корманд ва назорати фаъолияти милитсия мебошад.
Яке аз самтҳои асосии барнома ҳамкории мутақобил бо ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мақсади ин ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматрасонии милитсия ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини муҳити бехатар ва афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия мебошад.
АКС: Академияи Вазорати корҳои дохилӣ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






