Вобаста ба тақвияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд

Февраль 14, 2025 08:49

ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаккули раванди ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ — воситаи устувори ваҳдати миллӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, иштирокчиёни ҳамоиш аз рисолати касбии кормандони мақомоти милитсия ёдовар шуда, иброз доштанд, ки пешрафти ҳаёти ҷомеа аз ваҳдати миллӣ, суботу амният ва таъмини оромию тартиботи ҷамъиятӣ вобаста аст. Дар замони кунунӣ иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти милитсия вогузор гардидааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам изҳор дошт, ки нақши мақомоти милитсия дар таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва рушди низоми давлату давлатдорӣ дар мадди аввал қарор дорад. Ин рисолату вазифаи муқаддас ҳар кормандро водор месозад, ки бо дилу нияти пок, азму иродаи қавӣ ва эҳсоси масъулият барои иҷрои рисолати касбии хеш талош намуда, садоқат ба халқу Ватанро ҳамеша пос дорад.

«Мо бояд дар самти омӯзишу пажуҳиш аз таҷрибаи таърихии гузаштагони миллатамон ибрат гирем, маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеаро баланд бардорем, барои аз миён бурдани ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҳамкории судманд намоем ва дар тақвияти ҷомеаи қонунмеҳвар саҳм гузорем», — гуфта шуд дар ҳамоиш.

Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025»  амал менамояд, ки мақсади он тағйир ва такмил додани сохтори ташкилию ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ, принсипҳои фаъолият, мавқеи милитсия дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, рушди ҳамкории мутақобил бо ҷомеа, кафолати давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникӣ, дигаргун намудани симои иҷтимоии корманд ва назорати фаъолияти милитсия мебошад.

Яке аз самтҳои асосии барнома ҳамкории мутақобил бо ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мақсади ин ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматрасонии милитсия ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини муҳити бехатар ва афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия мебошад.

АКС: Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

Февраль 14, 2025 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид