Зафар Сайидзода: «Аз номи тоҷик ва ҳам забони тоҷикӣ бояд ифтихор намуд»

Февраль 25, 2025 15:53

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутафаккирону олимони сатҳи ҷаҳонӣ борҳо эътироф намудаанд, ки дар таъриху тамаддуни башарӣ тоҷикон ҳамчун мардумони ориёитабор яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарияшон, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода вобаста ба мақоми забони тоҷикӣ аз давраҳои қадим то замони муосир чунин ибрози назар намудааст:

— Хуросони куҳан ва Фарорӯд (Мовароуннаҳр) бар асоси ковишҳо, пажуҳишҳо ва бозёфтҳои бостоншиносон сарзамини бениҳоят бостонӣ аст, ки аз дергоҳ дар он инсон зиндагӣ мекардааст. Ин марзу бум гаҳвораи яке аз дурахшандатарин ва куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳон буда, сокинони он дорои тамаддуну фарҳанги чандинҳазорсола мебошанд ва ганҷинаҳои фикрию маънавии онҳо дар марҳалаҳои гуногун ба забонҳо ва гӯишҳои мухталиф нигошта шудаанд.

Пажуҳишҳои зиёде аз донишмандон баёнгари он аст, ки сарзаминҳои Хуросони бостон ва Мовароуннаҳр зодгоҳ, ҷавлонгоҳ ва парваришгоҳи забони тоҷикӣ будааст.

Забони тоҷикӣ решаи қадимӣ дорад ва дар Хуросону Фарорӯди то истилои араб ба ин забон сухан мегуфтаанд.

Давоми ҳазор сол забони мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр ба ҳайси забони илму адаб, забони расмиву идорӣ ҳавзаи густурдаеро фаро мегирифт. Аз ҷумла, дар Хуросонзамин забони тоҷикӣ на танҳо забони гуфтугӯ, балки забони расмӣ буд – ҳама умури девонии давлат, ба монанди фармонҳо, номаҳо, қарордодҳо ва амсоли онҳо ба ҳамин забон буд.

Аҳли пажуҳиш, аз ҷумла донишмандони номдори Эрон дар арсаи забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, ҳамчун Маликушшуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Парвиз Нотили Хонларӣ, Забеҳулло Сафо, Шоҳрух Маскӯб, Аҳмадалӣ Риҷоӣ, Ҷалол Матинӣ, Дориюш Ошӯрӣ, Маҳмуд Афшори Яздӣ ва чанд тани дигар бар ин ақидаанд, ки забони тоҷикӣ нахуст дар Хуросону Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада ва баъд ба сӯи ғарби Хуросон, яъне Эрони имрӯз роҳ боз намудааст ва ба назари онҳо, ин ҳақиқат имрӯза падидаи пазируфташуда аст.

Забони дарӣ хеле куҳан буда ва ду ҳазор сол пеш ҳам як забони барҷаставу барозанда будааст. Ва мусалламан агар чунин тавоноӣ намедошт, чӣ гуна метавонист ба марҳалаи балоғат ва фасоҳат дар даврони Сомониён бирасад ва осори бисёр боарзишеро, монанди девони Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар офаринишҳои ҳунарӣ ба вуҷуд оварад? Забони порсии дарӣ бо ҳамон фасоҳату балоғате, ки дорад, дар поёни садаи XII ба дараҷаи камол расидааст ва донишмандони бузурге, ҳамчун Ибни Сино ва Абӯрайҳон Берунӣ, осори илмии хешро дар риштаи фалсафа ва ситорашиносӣ ба ин забон навиштаанд.

Забони дарӣ бо мурури замон на танҳо ба роиҷтарин ва ҳамагонитарин забони ин марзу бум табдил гардид, балки василаи ҳамдигарфаҳмӣ ва риштаи васл байни қавмҳову қабилаҳои мухталиф гардид ва бино бар тавоноиҳое, ки доштааст ва ҳам аз он хусус, ки ба маҳаллу тоифае мансуб набудааст, дар андаке замоне забони расмӣ, дарборӣ ва умумӣ барои тамоми сулолаҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунон аз ақсои Ҳинд то Рум гардид ва санадҳою номаҳои расмиву давлатӣ аз Истанбул то Дакан ба ин забон эҷод мешуданд. Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ нақши забони байналмилалиро барои тамоми ин минтақаҳо дошт.

Забони тоҷикӣ ба бисёре аз забонҳои дунё таъсир гузоштааст. Ҳатто дар забонҳои расмии Чин, Булғористон ва Туркия вожаҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд ва аз ин назар бо забони юнонӣ қобили муқоиса мебошад. Ҳамчунин номи бархе аз маконҳо ва шаҳрҳо дар Руминия ва Маҷористон аз забони тоҷикӣ реша гирифтаанд.

Аз забони тоҷикии имрӯза садҳо калимаҳои байналмилалӣ, ба монанди бозор, корвон, кимиё, шимиё, ҷомадон, шалвор, алкул, дито, бонк, тойгар(бабр), дарвеш, булбул, шол, шукр, ҷавон, ёсуман, исфиноҷ, шоҳ, лимон, калид, камондон (ҳамон камондори тоҷикӣ), урд (амр, фармон), астор, сервис, дорюш, гов, тӯфон, модар, падар, хуб, бад, ном, ком, гом, ланг, лак, лаб, абрӯ, ман, бадан, духтар ва вожаҳои зиёди дигар ба бештари забонҳои муҳими дунё роҳ пайдо намудаанд.

Албатта, забони тоҷикӣ ҳамон тавр, ки вожаҳое аз забонҳои ҳамсоягонаш пазируфтааст, вожагони зиёде низ ба онҳо додааст. Таъсири назарраси забони тоҷикӣ дар забонҳои нимҷазираи Ҳинд ниёз ба тавзеҳ надорад.

Забони тоҷикӣ забони байналмилалии ирфон аст. Бисёре аз орифоне, ки аз нажоди турку арабу ҳинд ҳастанд, китобҳои ирфонии худро ба тоҷикӣ навиштаанд. Мактаби тасаввуфи ҳиндуэронӣ, ки аз тариқи ҳавзаи форсизабонон ба Осиёи ғарбӣ ва ҳатто ба шимоли Африқо нашр ёфтааст, бештар китобҳо ва матнҳои худро ба наср ё шеъри тоҷикӣ навиштааст ва забони тасаввуф дар нимҷазираи Ҳинд ва ҳатто дар байни туркон ҳамвора тоҷикӣ будааст.

Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар англисӣ имрӯз низ калимаҳое бо решаи тоҷикӣ вуҷуд доранд ва шумораи ин калимаҳо ба садҳо вожа мерасад.

Дар китобҳои муқаддаси пайравони динҳои ҷаҳонӣ вожаҳои бисёре аз забони тоҷикӣ вуҷуд доранд, монанди Бағдод, аланбор, Уммон, рустоқ, ҷайҳон, Басра (паси роҳ), рофидин, Ҳиндукуш, шибирқон (шопургон), танга ва амсоли онҳо.

Садҳо вожаи тоҷикиро дар забонҳои қирғизӣ, қазоқӣ, уйғурӣ, туркманӣ ва дигар забонҳо дидан мумкин аст, ки бо мурури садсолаҳо ба ин забонҳо нуфуз кардаанд.

Забони тоҷикӣ барои ҳафтсад сол забони идории Ҳиндустон буд, то ин ки соли 1836 Чарлз Вилям забони англисиро ба ҷои забони тоҷикӣ расмият дод.

Забони тоҷикӣ дар дарозои таърихи ҳазору садсола баъд аз аҳди Сомониён ба рағми душвориҳои ҷонсӯз зинда монд ва ба забони фаромиллие дар ҳавзаи тамаддунии мо табдил гардид ва ҳама қавмҳову нажодҳо забони тоҷикиро ба ҳайси забони расмиву давлатӣ, забони муштарак ва ҳамдигарфаҳмии ин марзу бум пазируфтанд.

Ин забон ёдгори ҷовидонест аз пайвастагӣ ва хешовандии мардумони форсизабон дар гузашти рӯзгор то ба имрӯз. Ин ки мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон якдигарро бе тарҷумон мефаҳманд ва суҳбат менамоянд, қиссаву афсона нест, балки нишонаи бақову устувории ин забон аст. Бояд ба ин ягонагии ҳавзаи фарҳангӣ ва ин ғановате, ки ҳамаи тоҷикзабонон ба он ҳуқуқи баробари соҳибият доранд, арҷ гузошт.

Бояд гуфт, ки ҳоло тоҷикӣ дар Тоҷикистон, забони форсии муосир дар Эрон ва дарӣ дар Афғонистон дар бахши вижагиҳои савтӣ, грамматикӣ, луғавӣ ва меъёрҳои адабӣ, луғатҳову истилоҳот ва ғайра дар пояи забони муштараки форсии дарии он давр қарор надоранд.

Имрӯз тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ се шохаи нави забони порсии дарии классикӣ буда, ҳар кадом роҳи мустақили ташаккули худро доранд. Аз нигоҳи ҷомеашиносии забон, тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ дар се давлат давоми қарнҳои баъдӣ дар як мақом қарор надоштаанд. Забони форсии муосир дар Эрон ҳамеша ягона забони давлатии ин мамлакат буд ва дар баробари он забони дигаре дар ин мақом қарор надошт. Аммо тоҷикӣ ва дарӣ дар муҳит ва вазъи дузабонӣ мавриди истифода шуда, имрӯз пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди озоди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст.

Яке аз тафовутҳо байни тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ дар бахши истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илмиву техникӣ ба мушоҳида мерасад. Манбаи гуногуни истилоҳпазирӣ иллати тафовути назаррас дар луғати тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ гардидааст. Агар манбаи истилоҳоти муосири хориҷӣ барои забони тоҷикӣ русӣ бошад, ин манбаъ барои форсии Эрон забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ ва барои Афғонистон англисӣ маҳсуб мешавад. Меъёрҳои адабии форсии муосир ва тоҷикӣ низ дар сабкҳои забонӣ тафовут доранд.

Ин ҳама мушаххасоти забонӣ далели дурустии истилоҳи «забони тоҷикӣ» ва муносибу мувофиқ будани он барои забони тоҷикии муосир мебошад. Истифодаи «забони тоҷикӣ» – бар ивази «форсӣ» ё «дарӣ» – ҳеҷ маънои инкори таърихи гузаштаи ин забонро надорад. Имрӯз дар Ғарбу Шарқ ва дигар давлатҳои ҷаҳон ин се шохаи забони форсии нав ва ё форсии дариро бо ҳамин номҳо мешиносанд.

Ғайр аз ин, тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ҳамчун забони адабӣ дорои лаҳҷаҳои маҳаллии гуногун ҳастанд, ки ин лаҳҷаҳо танҳо бо ҳамин шаклҳои адабии забон иртибот доранд ва ин лаҳҷаҳо танҳо манбаи ташаккули забони адабии минтақаи худ мебошанд. Мавҷудияти се шакли адабии забони порсии дарӣ дар се минтақа дар мақоми забони давлатии се ҷумҳурӣ ба гузаштаи таърихии забони муштараки классикӣ иртибот дорад.

Тоҷикон – мардуми ориёии эронинажод – давоми ҳазорсолаҳо дар ин сарзамини таърихии хеш сукунат доштаанд ва ин миллати номвар имрӯз номбардори гузаштагони хеш ва посдори фарҳангу суннати ниёгони хеш аст. Аз ин рӯ, аз номи тоҷик ва ҳам аз забони тоҷикӣ бояд ифтихор намуд, таърихи миллат ва таърихи забони миллиро пайваста бояд омӯхт ва онро гиромӣ дошт.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2025 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ. Мулоҳизаҳои директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои зуд дур намудани бӯйи баланди махсуси сирпиёз чӣ бояд кард?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи интихоб кардан доранд?
Академик Фарҳод Раҳимӣ: ««Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ шоҳасари ҳамаи давру замонҳо аст»
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи интихоб кардан доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгори хушсифат омили ба даст овардани ҳосили баланд мебошад
ДАР ТОҶИКИСТОН БО КАДОМ РОҲ ЗАМИНҲОИ КОРАМРО ЗИЁД МЕГАРДОНАНД? Мутахассисони соҳа ин мавзуъро шарҳ медиҳанд
ҲИФЗИ ТАБИАТ. Барои пешгирии буриши худсаронаи дарахтон кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд