Зуҳал Хуҷаназарова нахустин маротиба дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/2025 ба ҳайси нозир фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикдухтар Зуҳал Хуҷаназарова, корманди раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин маротиба дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 кор мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Зуҳал Хуҷаназарова нозири VAR дар бозии ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар мавсими 2024/25 байни дастаҳои «Ал Садд» (Қатар) ва «Ал Васл» (АМА), ки 10 март дар Давҳа баргузор мешавад, таъйин шуд.
Ин вохӯриро ҳайати доварон аз Австралия таҳти роҳбарии Алиризо Фағонӣ ҳакамӣ менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






